Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз "фирори аср"-и 25 маҳбус як ҳафта гузашт


Бо гузашти инак як ҳафта аз фирори 25 маҳбус аз боздоштгоҳи кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, мақомоти ин кишвар то ҳол дар роҳи таъқибу боздошти ин маҳбусони фирорӣ муваффақ нашудаанд. Рӯи амалиёти таъқиби маҳбусон низ мӯҳри сиррӣ зада шуда, баъд аз як нишасти кӯтоҳи хабарии дар рӯзи аввали фирори онҳо барпокардаи кумитаи амният дигар нишасти расмие бо хабарнигорон доир нашудааст. Шаби 23 август 25 маҳбус дар пайи қатли 5 зиндонбон аз боздоштгоҳи кумитаи амният, воқеъ дар дохили боздоштгоҳи рақами аввали Душанбе, фирор карданд. Аксари онҳо бо ҷурми ширкат дар ошӯбҳои соли гузашта дар Тавилдара ҳукми зиндон гирифта, дар байни фирориён 5 шаҳрванди Русия, 4 афғон ва 2 табаъаи Узбакистон низ будаанд. 14 фирории боқӣ аз Тоҷикистонанд.
XS
SM
MD
LG