Пайвандҳои дастрасӣ

Нашри "ИмрӯзNews" ва "Азия Плюс-Душанбе"


Саҳифаи аввалин шумораи "ИмрӯзNews"

Саҳифаи аввалин шумораи "ИмрӯзNews"

Имрӯз, 30 август нахустшумораи нашрияи ҳаррӯзаи “ИмрӯзNews” ба бозор даромад. Қарор аст, ин нашрия панҷ маротиба дар ҳафта нашр шавад. Ҳамчунин, сар аз имрӯз нашрияи "Азия плюс" низ ҳафтае ду маротиба нашр хоҳад шуд. Баъди касби истиқлол то кунун дар Тоҷикистон ба сурати ҳамаррӯза нашрия чоп намешуд.

Раҷаби Мирзо, сардабири "ИмрӯзNews" мегӯяд, рӯзнома ҳарчанд ба охирин ахбор такия хоҳад кард, самтгирии як нашрияи иттилоотию таҳлилиро хоҳад дошт.

Вай гуфтааст, аксари кулли кормандони рӯзнома номҳои наве дар журналистикаи тоҷиканд. Шумораҳои аввали "ИмрӯзNews" аз ҳашт саҳифаа иборат хоҳанд буд ва ҳаҷми рӯзнома дар оянда густариш хоҳад ёфт.

Ҷаноби Мирзо мегӯяд, рӯзнома ба ягон ниҳоду сохтор марбут нест ва барои нашри он ширкати "ИмрӯзNews" аз яке аз бонкҳои кишвар қарз гирифтааст.

Сар аз имрӯз ҳафтавори мустақили “Азия Плюс” низ ба сурати ду дафъа дар ҳафта нашр хоҳад шуд. Нашри рӯзи душанбеи “Азия Плюс” таҳти унвони “Азия Плюс- Душанбе” ба бозор даромад.

Сардабири нашрия Марат Мамадшоев гуфт, ин қадами аввали онҳо дар роҳи оғози чопи нашрияи ҳаррӯза аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG