Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як садамаи пурқурбонӣ дар Бадахшон


Субҳи 29 август бар асари ба рӯди Панҷ сарозер шудани як мошини тамғаи “Тойота Ленд Круизер” дар километри 311-уми роҳи Хоруғ –Дарвоз –Кӯлоб 7 нафар ҳалок шудаанд. Муҳаммадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин мошин ба Сандуқи Оғохон тааллуқ дошта, корманди ин созмон Давлатманд Бодуров ронандагиаш мекард.
Ҳафтае қабл бар асари сангрез дар километри 108-уми масири Хоруғ-Душанбе як мошини мусофиркаш ба дарёи Панҷ рафт, ки дар натиҷа 7 тан аз сарнишинонаш ҳалок шуданд.
XS
SM
MD
LG