Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози муҳокимаи даъвои Нуров алайҳи "Чархи гардун"


Дар додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон муҳокимаи даъвои вакили собиқи парлумон Саидвалӣ Нуров алайҳи идораи ҳафтавори “Чархи гардун” оғоз ёфт. Оқои Нуров пешниҳоди ҳалли бомаслиҳати қазияро радд кард. Ӯ сарлавҳаи мақолаи “Депутати авбошро говсуд мекунанд?”-ро, ки “Чархи гардун” рӯзи 27 июл нашр кард, тӯҳмат ва таҳқир ба шаъну эътибори худ дарёфта, ба додгоҳ шикоят бурдааст. Муассиси “Чархи гардун” Акбари Саттор гуфтааст, ки тамоми масъулияти чопи матлаб дар бораи Нуровро бар дӯши худ мегирад.
Ёдовар мешавем, баъд аз интихоботи моҳи феврали парлумони Тоҷикистон, ки Саидвалӣ Нуров дар он ноком шуд, алайҳи ӯ бо иттиҳоми латукӯби раиси як қитъаи раъйдиҳӣ дар ноҳияи Вахш парвандаи ҷиноӣ боз карданд.
XS
SM
MD
LG