Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як садамаи пурқурбонӣ дар Бадахшон


Субҳи 29 август бар асари ба рӯди Панҷ сарозер шудани як мошини тамғаи “Toyota Land Cruizer” дар километри 311-уми роҳи Хоруғ –Дарвоз –Кӯлоб 7 нафар ҳалок шудаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ин мошин ба Сандуқи Оғохон тааллуқ дошта, корманди ин созмон Давлатмамад Бодуров ронандагиаш мекард. Феълан ҷустуҷӯи аҷсоди қурбониёни сониҳа идома дорад.
Ҳафтае қабл бар асари сангрез дар километри 108-уми масири Хоруғ-Душанбе як мошини мусофиркаш ба дарёи Панҷ рафт, ки дар натиҷа 7 тан аз сарнишинонаш ҳалок шуданд. Дар мамҷӯъ, танҳо дар моҳи август ва танҳо дар натиҷаи 3 садама дар ин масир 21 нафар ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG