Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як шаҳри дигари Покистон зери об рафт


Дар ҳоле, ки нерӯҳои имдодӣ дар Покистон дар талошанд бо эҷоди хокрез монеъи расидани сел ба шаҳрҳои бузург шаванд, рӯзи якшанбе шаҳри Суҷовол дар вилояти Синд ба зери об рафт.

Бештари сокинони шаҳри 250 ҳазор нафарии Суҷовол пеш аз расидани сел рӯзи якшанбе ба шаҳр, аз маҳал тахлия шуда буданд.

Ҳамчунин гузориш шудааст, ки шаҳри таърихии Тото, ки маҳалли зиндагии 350 ҳазор нафар аст дар маърази таҳдид сел қарор гирифтааст.Сокинони ин шаҳр низ пештар ба манотиқи муртафеъ паноҳ бурда буданд.

Дар ҳамин ҳол, нерӯҳои имдодии покистонӣ дар талошанд бо сохти хокрез, роҳи иртиботи ду шаҳри Суҷовол ва Тото боз нигаҳ доранд. Роҳе, ки пештар бахшҳое аз он дар зери об рафта аст.

Рӯзи ҷумъа об аз селбандҳои рӯдхонаи Синд убур кард ва саранҷом дар рӯзи якшанбе шаҳри Суҷоволро дар коми худ фурӯ бурд. Ин шаҳр дар 15 километрии ҷануб-шарқии Карочӣ қарор дорад.

Дар пайи боришҳои мавсимӣ дар шимол-ғарби Покистон аз як моҳ беш, ин кишвар бо селҳои густурда дасту панҷа нарм мекунад. Селобҳое, ки ҳамакнун ба заминҳои ҳамвор вилояти Синд, воқеъ дар ҷануби Покистон расидааст.

Ин селобҳо то кунун ба бахши густурдае аз заминҳои кишоварзӣ ва беш аз як миллион хона осеб ворид карда аст. Бар пояи гузоришҳои мунташиршуда, беш аз ҳашт миллион нафар аз селзадагон ниёзи фаврӣ ба кӯмак доранд. Созмони Миллали Муттаҳид, артиши Покистон ва чандин гурӯҳи имдоди дохилӣ ва хориҷӣ ба селзадагон дору, ғизо ва об мерасонанд.

Рӯзи шанбе ИМА эълон кард, ки барои кӯмак ба манотиқи осебзада, 18 чархболи дигар мефиристад. Артиши Амрико пеш аз ин 15 чархбол ва се ҳавопаймои С-130 барои кӯмак ба селзадагон ихтисос дода буд.

Дар саросари Покистон наздик ба 17 миллион нафар аз селобҳои ахир осеб дидаанд.Набуди оби солими ошомиданӣ, ғизо ва шароити муносиби беҳдоштӣ аз ҷумла мушкилоте аст, ки созмонҳои кӯмакрасонӣ ба шиддат дар мавриди онҳо ибрози нигаронӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG