Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама: Сатҳи хушунат дар Ироқ пойин рафтааст


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, гуфт, ки сатҳи хушунат дар Ироқ пойин меравад ва ӯ мутмаин аст, ки аҳзоби сиёсии ин кишвар ихтилофи назарро аз байн бурда, ҳукумати эътилофӣ таъсис мекунанд. Изҳороти Обама дар ин бора дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии NBC News қабл аз суханронияш оид ба хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ ва хатми амалиёти низомӣ дар Ироқ пахш шуд. Қарор аст ин сухаронӣ рӯзи сешанбе сурат гирад. Дар мусоҳиба раисиҷумҳури ИМА бо ишора ба омори расмӣ изҳор намуд, ки раванди пойинравии хушунат дар Ироқ ба назар мерасад ва нерӯҳои амниятии Ироқ, тавре, ки Кохи Сафед интизор дошт, амал мекунанд. Дар робита ба бӯҳрони сиёсии таъсиси ҳукумати нав дар Ироқ Обама гуфт, ки “ин барои ҳар демократияи ҷавон ин як раванди табиист” ва ӯ мутмаъин аст, ки дар ниҳояти кор ҳукумати эътилофӣ ташкил хоҳад шуд.
Авоили моҳ ИМА нерӯҳои низомии худро аз Ироқ берун кард ва айни ҳол дар ин кишвар 50 ҳазор афсару сарбозе боқӣ мондаанд, ки ба тамрини ҳарбиёни ироқӣ машғул хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG