Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз талошҳо барои эҳёи Ню-Орлинз ситоиш кард


Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, аз талошҳои сокинони Ню-Орлинз барои эҳёи ин шаҳри бар асари тӯфони “Катрина” зарардида ситоиш кард ва гуфт, ки Кохи Сафед барои барқарор кардани Ню Орлинз кумаки иловагӣ хоҳад кард. Аз ин тӯфон дар панҷ соли пеш тақрибан 2 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз миллион каси дигар бесарпаноҳ монданд. Барак Обама рӯзи якшанбе вориди Ню-Орлинз шуда аз маркази он дидан кард ва дар донишгоҳи шаҳр суханронӣ намуд.
Айни ҳол ҳамзамон бо эҳёи шаҳр сохтмони иншоотҳои ҳифозатӣ дар соҳилҳои халиҷи Мексика идома дорад. Соли 2005 бар асари тӯфони “Катрина” 80 дар сади шаҳри Ню-Орлинз зери об монда буд.
XS
SM
MD
LG