Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи скинҳедҳо ба ҷашнвораи "Торнадо"


Мақомоти ҳифзи тартиботи вилояти Челябински Русия дар бораи боздошти 15 нафари гумонбар дар ҳамла ба як ҷашнвораи мусиқии рок дар шаҳри Миасс хабар доданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, шоми гузашта гурӯҳи бузурги скинҳедҳо ё сартарошидаҳои рус ба меҳмонони ҷашнвораи “Торнадо” ҳамла карданд. Дар ин ҳодиса 11 нафар ҷароҳат бардошта, ба бемористон интиқол ёфтанд. Хабаргузориҳо навиштаанд, ки кормандони милиса аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ накарданд, бархе аз онҳо ҳатто аз ҷашнвора фирор намуданд.
XS
SM
MD
LG