Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати сарбозони амрикоӣ ва як сиёсатмадори Афғонистон


Ҳафт сарбози Иёлоти Муттаҳида ва як номзади интихоботи порлумонии моҳи сентябри Афғонистон дар ҳамлаҳои охири ҳафта кушта шудаанд. Ҳарбиёни НАТО мегӯянд, ин сарбозон рӯзи шанбе ваа якшанбе дар рӯйдодҳои гуногун дар манотиқи ноороми ҷануб ва шарқи кишвар ба ҳалокат расидаанд. Номзад Абдулманнон, ки мехост аз вилояти ғарбии Ҳирот дар интихоботи порлумонии моҳи сентябр ширкат кунад дар ҳамлае ба ҳалокат расид, ки дар он ситезаҷӯёнро айбдор мешуморанд. Полиси Афғонистон ҳамчунин гуфт, ҷасади 5 узви маъракаи интихоботии номзади зан Фавзия Гелониро дар ҳоле кашф кард, ки даҳ рӯз пеш рабуда шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG