Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафари Обама ба расми ёдбуди қурбониёни тӯфони Катрина


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, имрӯз ба шаҳри Ню Орлинз сафар мекунад, то дар расми гиромидошти хотираи қурбониёни тӯфони Катрина ширкат варзад. Барои ин Обама истироҳати мурахассии худро қатъ мекунад. Имрӯз панҷумин солрӯзи тӯфони мудҳиши Катрина дар Иёлоти Муттаҳида аст, ки бар асари он наздик ба 2 000 нафар кушта ва зиёда аз 1 миллион нафар бехонумон шуданд. Пас аз панҷ сол низ талошҳои бозсозии Ню Орлинз ва деҳоти атрофи он ба кундӣ пеш меравад. Бар замми ин сокинони соҳилҳои ҷанубии Иёлоти Муттаҳида бо фалокати олудагӣ ба нафт аз чоҳи нафти ширкати БП дар халиҷи Мексик рӯбарӯянд.
XS
SM
MD
LG