Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ширкати ороишии "Орифлейм"-ро таҳдид ба амнияти худ номид


Вазири истихбороти Эрон Ҳайдар Муслеҳӣ ширкати масолеҳи ороишгарии "Орифлейм"-и Шведсияро дар зарба задан ба амнияти миллии Эрон айбдор кард. Торнамои телевизиони давлатии Эрон ба нақл аз Муслеҳӣ мегӯяд, ширкати "Орифлейм" бо низоми Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳоли ҷанг аст, аммо на бо сабабҳои иқтисодӣ. Вай гуфт, созмонҳои истихборотӣ мехоҳанд, ба воситаи ин ширкат дар Эрон мушкилоти амниятӣ ба бор оранд. Вай аз созмони истихборотии кишвари муайяне ном набурд. Аввали ин моҳ мақомоти эронӣ дафтари ин ширкат дар Терҳонро бастанд ва панҷ корманди онро ба ҳабс гирифтанд.
XS
SM
MD
LG