Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нашри рӯзномаи "Имрӯз нюз"-и Тоҷикистон шурӯъ мешавад


Рӯзи душанбеи 30-юми август, аввалин бор дар давраи истиқлолияти Тоҷикистон рӯзнома ё нашрияи ҳаррӯза ба чоп оғоз хоҳад кард. Сардабири "Имрӯз нюз" Раҷаби Мирзо мегӯяд, рӯзнома ҳарчанд ба охирин ахбор такия хоҳад кард, самтгирии як нашрияи иттилоотию таҳлилиро хоҳад дошт. Вай гуфтааст, аксари кулли кормандони рӯзнома номҳои наве дар журналистикаи тоҷиканд. Шумораҳои аввали "Имрӯз нюз" аз чаҳор сафҳа иборат хоҳанд буд ва ҳаҷми рӯзнома дар оянда густариш хоҳад ёфт. Ҷаноби Мирзо мегӯяд, рӯзнома ба ягон ниҳоду сохтор марбут нест ва барои нашри он ширкати "Имрӯз нюз" аз яке аз бонкҳои кишвар қарз гирифтааст.
XS
SM
MD
LG