Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Густариши бадтарин фоҷеаи табиӣ дар таърихи Покистон


Садҳо ҳазор нафар сокини манотиқи ҷанубии Покистон, ахиран ба думболи шиддат гирифтани сел ва обехзӣ дар ин минтақаҳо маҷбур ба тарки хонаву кошонаи худ шудаанд. Сел ва обхезӣ дар Покистон то кунун 17 миллион нафарро бехонаву саргардон кардааст.

Дар ҳоле, ки наздик ба як моҳ аз бориши шадиди боронҳои мавсимӣ ва ҷорӣ шудани сел дар манотиқи васеъе аз Покистон мегузарад, дар чанд рӯзи гузашта манотиқи ҷанубии ин кишвар аз манотиқи дигар бештар таҳти таъсири сел қарор гирфитааст.

Иёлати Синд дар ҷануби Покистон зарару зиёни бештаре дидааст. Ба гузориши дафтари ҳамоҳангии СММ аз 23 ноҳияи ин иёлат 19 тои он бар асари сел вайрон шудааст.

Сели Покистон дар маҷмӯъ ҳудуди як панҷум ё панҷяки тамоми хоки ин кишварро фаро гирифта ва зиндагии 17 миллион нафарро дар ин кишвар нобасомон кардааст.

Ғуломалӣ Пошо, як мақоми вилояти Синд рӯзи шанбе гуфтааст: «Аз рӯзи 3 август то кунун беш аз 7 миллион нафар дар Синд хонаву кошонаи худро тарк кардаанд, ки як миллион нафари онҳо дар рӯзи гузашта даст ба ин кор задаанд".

Ба гуфтаи ин мақоми маҳаллӣ дар иёлати Синд ду миллиону сесадҳазор нафар ниёзманди сарпаноҳ ва ғизо ҳастанд.

Ба асоси гузоришҳои дигар, сел дар самти ноҳияи Тото низ дар ҳаракат аст ва об бахшҳое аз ин ноҳияро фаро гирифтааст. Ва мардум ба самти шаҳри Карорчӣ дар ҳоли ҳаракат аст.

Дар ҳамин ҳол, Созмони Милали Муттаҳид аз имкони густариши гуруснагӣ ва беморӣ дар миёни кӯудакони манотиқи селзада изҳори нигаронӣ кардааст.

Бадтарин фоҷеъаи табиӣ дар таърихи Покистон ҳудуди ҳашт миллион нафарро ниёзманди кӯмак ва бахши умдае аз заминҳои кишоварзии ин кишварро нобуд кардааст.

Ба асоси гузоришҳои давлати Покистон сел дар ин кишвар то кунун боиси марги 1600 нафар шудааст.
XS
SM
MD
LG