Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бебарқӣ чолиши ояндаи иқтисоди Ироқ


Дар ҳоле нерӯҳои размии Амрико хоки Ироқро тарк гуфтанд, ки камбуди шадиди нерӯи барқ ҳамчунон боқӣ мондааст. Дар ҷой доштани ин мушкил, қаблан ошӯбгаронро муттаҳам мекарданд, аммо акнун, ки ошӯбҳо фурӯкаш карда, мушкили барқ ба чолиши иқтисодӣ мубаддал шудааст.

Феълан Ироқ дар муқоиса бо соли 2003, яъне қабл аз ишғоли он аз ҷониби нерӯҳои Амрико, ду баробар бештар нерӯи барқ тавлид мекунад. Аммо таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ ба талаботи маъмулии ироқиҳо ҷавобгӯ нест.

Як сокини бағдод мегӯяд: “Барқ кам аст. Онро фақат барои як соат медиҳанд. Ва ин як соат ҳам пурра нест, чун ки интиқоли барқ дам ба дам қатъ мешавад, дар воқеъ, мо ҳамагӣ 20 дақиқа бо нерӯи барқ таъмин мешавем. Мо нерӯи барқро аз генераторҳои манзил ё кӯчаамон мегирем ва халос. Нерӯи барқ нест қариб ҳеҷ вақт.” Қариб ҳар як сокинии ин шаҳри 5,5 миллионӣ назари ҳамсон дорад.

Норозигии мардум ба вижа дар айни ҳол дар моҳи шарифи Рамазон ва гармии тоқатфарсо афзудааст. Аҳолии кишвар бовар надорад, ки амрикоиҳо ва ё ҳукумати кунунӣ тавонанд, роҳи ҳалро пайдо кунанд.

Назири ин зане, ки ба радиои Озодӣ гуфт: “Биёед бинем, ки вазири нав чӣ хоҳад кард ва оё ӯ барои мо ягон кореро анҷом дода метавонад. Ӯ аз оғоз ба мо дурӯғ мегуфт”.

Мушкили барқ боиси марги мардум ва истеъфои вазир

Ҳусейн Ал Шаҳристонӣ, раҳбари нави вазорати нерӯи барқ ва вазорати нафт танҳо моҳи гузашта ба ин вазифа таъин шуда буд. Вазири қаблӣ баъд аз он ба истеъфо рафт, ки раҳпаймоиҳои эътирозӣ алайҳи камбуди нерӯи барқ дар Басра бо хунрезӣ анҷомид.

Полис ба сӯи эътирозгарон тир кушод ва ҳадди ақал як нафарро ба ҳалокат расонд.

Моҳи гузашта ба ҳар як сокини Бағдод ҳар рӯз ба ҳисоби миёна тақрибан панҷ соат нерӯи барқ медоданд ва ин дар ҳолест, ки ИМА барои тарҳҳои гуногуни таъмини кишвар бо неруи барқ, дастикам 5 миллиард доллар сарф кардааст.

Маблағи бештарро амрикоиҳо танҳо барои бозсозии нерӯҳои амниятии Ироқ ихтисос додаанд.

Дар мушкилоти зиндагӣ дар Ироқ маъмулан ошӯбҳоро гунаҳкор мекарданд, аммо феълан сатҳи ошӯб ба таври чашмрас коҳиш ёфтааст ва акнун ғолибан ҳукумат айбдор шумурда мешавад.

Ошӯбҳо дигар баҳонаи бебарқӣ нест

Алӣ Ал Саффар, мутахассиси пажӯҳишгоҳи иқтисодии Лондон дар умури Ироқ мегӯяд, ки аксарияти минтақаҳое, ки нерӯи барқ дар онҳо тавлид мешавад, нисбатан ором ва амнанд.

Ӯ мегӯяд: “Агар мо ба стратегияи кунунии ҳукумат нигоҳ кунем, мебинем, он мехоҳад мутмаъин шавад, ки нерӯгоҳҳо дар минтақаҳои саршор аз захираҳои нафт воқеъ дар ҷануби кишвар бунёд мешаванд. Ин вилоятҳо ғолибан орому амн буданд ва ҳамин тавр, дигар намешавад ошӯбҳо ё террористонро дар адами пешравӣ дар ин бахш муттаҳам кард. Ман бар ин ақидаам, ки бештар дар ин бадбахтӣ бояд бюрократия, фасод ва адами алоқатмандии ҳукуматро гунаҳкор кард”.

Мушкили умдаи дигар дар он аст, ки баъд аз омадани амрикоиҳо соли 2003 муҳаррикҳои нави тавлидкунандаи нерӯи барқро гузоштанд, то бо истифода аз гази табиӣ фоъолият мекарданд. Аммо захираҳои гази табиӣ дар Ироқ таърихан нокофӣ буда, дар айни замон ба хориҷа содирот ё ин ки ҳангоми истихроҷи нафт сӯзонда мешавад. Албатта мешавад аз нафт истифода бурд, аммо дар ин сурат муҳаррикҳо нерӯи барқро камтар истеҳсол мекунанд.

Тобистони ҷорӣ ҳукумати Ироқ ду киштии тавлидкунандаи неруи барқи Туркияро ба иҷро гиритфа, онҳоро барои таъмини шаҳри Басра истифода бурд. Барои ин, ҳукумат садҳо ҳазор доллар пардохт кард. Ва ин дар ҳолест, ки баъд аз оғози эҳёи иқтисоди кишвар талабот дар нерӯи барқ рӯз ба рӯз афзоиш меебад.

Аҳоли аз ночорӣ аз генераторҳои хурди бензинӣ истифода мебарад, аммо бо сабаби гарон будани ин нерӯ он танҳо барои як чароғ ё телевизор истифода мешавад.

Ваъдаҳои ҳукумат

Ҳукумат шаҳрвандонро ба хештандорӣ даъват намуда, ваъда дода буд, ки мушкилро ҳал хоҳад кард ва генераторҳо тавлиди нерӯи барқи бештарро мехарад.

Соли 2008 эълон шуда буд, ки ҳукумат 56 генератори бузург ба маблағи 5 миллиард доллар харидорӣ хоҳад кард.

Моҳи гузашта Ал Шаҳристонӣ ба хабарнигорон гуфт, ки генераторҳои нави газӣ то соли 2012 ба Ироқ 5 000 мегават нерӯи барқи иловагӣ хоҳад дод.

Ӯ афзуд, нерӯгоҳҳои нав дар қисматҳои шарқии кишвар, Басра, Румела, Миссан, Матана, Дивания ва ду нерӯгоҳи нав дар Дибис сохта хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG