Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нороҳатии Кобул аз ифшогарии расонаҳои Амрико


Дастгоҳи раёсатҷумҳурии Афғонистон гузоришҳои матбуоти Иёлоти Муттаҳида, ки гӯё намояндагони аршади ҳукумати президент Карзай аз Идораи Марказии Кашфи Амрико ё СиАйЭй пул мегиранд, маҳкум кард. Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки рӯзномаҳои "Ню Йорк Таймс" ва "Вашингтон Пост" хабар доданд, ки Идораи Марказии Кашфи Амрико ба мансабдорони баландпояи афғон дар ивази иттилоъ маблағ пардохт мекунад. Дар изҳороти Кобул бидуни радди ошкорои хабар гуфта мешавад, ки чунин гузоришҳо танҳо шубҳаву тӯҳмат ба миён оварда, ба таҳкими эътилофи зидди террор ва эътибори қонун дар Афғонистон мусоидат намекунанд.
XS
SM
MD
LG