Пайвандҳои дастрасӣ

Шикасти ду ҳамлаи Толибон дар вилояти Хост


Дар муқобила бо Толибон нерӯҳои низомии Афғонистон низ ширкат доштанд

Дар муқобила бо Толибон нерӯҳои низомии Афғонистон низ ширкат доштанд

Нерӯҳои хориҷӣ ва афғон рӯзи шанбе ҳамлаҳоро ба ду пойгоҳ дар вилояти шарқии Хост, наздикии марзи Покистон, хунсо карданд. Ҳарбиёни НАТО дар Афғонистон мегӯянд, 24 ошӯбгар кушта ва шуморе аз ҳамлаварон боздошт шуда, нерӯҳои НАТО ва давлати Афғонистон осеб надидаанд.

Ҳамла ба Пойгоҳи идораи амалиёти ҳарбии Салерно дар Хост ва Бошишгоҳи Чапман дар наздикии он пеш аз дамидани субҳ бо истифода аз силоҳи сабук, мушакандоз ва норинҷакҳои дастӣ шурӯъ шуда, бо муқобилияти сарсахтонаи посбонони ин пойгоҳҳо рӯбарӯ гаштааст.

Дар ҳоле ки мақомоти маҳаллӣ шумораи умумии ҳамлаваронро то 50 нафар меноманд, ҳарбиёни НАТО аз ҳалокати 21 нафари онҳо иттилоъ додаанд. Аммосардори полиси вилояти Хост, Абдулҳаким Исҳоқзиё шумораи дигари кушташудагонро эълон кард, аммо афзуд, теъдоде аз ситезаҷӯён асир афтодаанд.Вай гуфт 24 нафар аз ҳамлаварон кушта шудаанд ва бархе аз онҳо дар тан либоси ҳарбии сарбозони Иёлоти Муттаҳидаро доштаанд.

Исҳоқзиё афзуд, 5 нафари дигар дастгир шуда, як мошини "Мазда" ва силоҳу муҳимот ғанимат афтодааст.

Ривояти Толибон дар бораи ҳамла


Толибон хеле зуд худро масъули ин ҳамлаҳо эълом доштанд ва мегӯянд, 30 нафар аз мусаллаҳони худро барои иҷрои ин амалиёт фиристодаанд. Сухангӯи Толибон, Забеҳулло Муҷоҳид гуфт, дар ин даргириҳо 18 сарбози хориҷӣ кушта шудаанд.

Ҳарбиёни НАТО бар инанд, ки ҳамларо ошӯбгарони шабакаи Ҷалолиддини Ҳаққонӣ, ки бо Ал-Қоида пайванд дорад, созмон додаанд. Ин гурӯҳ мунтазам аз Покистон барои анҷоми амалиёти тахрибгарона вориди Афғонистон мешавад. НАТО инчунин гуфтааст, ки дар ҳамлаи ахир яке аз мутахассисони маводи мунфаҷира дар шабакаи Ҳаққонӣ бо номи Мудассир кушта шудааст.

Пешгирӣ аз “фоҷеаи бузург”

Сардори полиси вилояти Хост, Абдулҳаким Исҳоқзиё изофа кард, ки ошӯбгарон ҳамчунин талош кардаанд, ба дафтари волӣ ва ситоди полиси вилоят низ ҳамла кунанд, аммо ҳамоҳангӣ ва омодагии нерӯҳои хориҷӣ ва афғон аз "фоҷеаи бузург" пешгирӣ кардаанд.

Ҳамлаҳо идомаи токтики нави Толибон аст, ки ахиран бештар пойгоҳҳои ҳарбии хориҷӣ ва иншооти давлатииро ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳалокати 7 афсари Идораи марказии кашфи Амрико дар пойгоҳи Чапман аз тарафи ҳамлавари худкуш дувумин ҳамлаи марговар дар таърихи ин идора ба шумор меравад, ки дар моҳи декабри соли гузашта ба вуқӯъ пайваст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG