Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон дороиҳои худро аз бонкҳои Аврупо бозпас гирифт


Бо мақсади пешгирӣ аз таҳримҳои нави молиявӣ, Эрон бархе аз дороиҳои худро аз бонкҳои Аврупо бозпас гирифтааст. Раиси Бонки марказии Эрон, Маҳмуди Баҳманӣ мегӯяд, ин як чораи пешгирикунанда аз ҳама гуна тасмимҳои нави Аврупо мебошад. Вай мизони ин дороиҳо ва ба куҷо интиқол ёфтани онҳоро эълон накард. Аввали имсол Эрон баъд аз радди қатъи фаъолиятҳояш дар ғанисозии уран, ҳадафи таҳримҳои нави Шӯрои Амнияти Созмони Милал қарор гирифт, ки бар пояи онҳо Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳоди Аврупо тиҷорат ва ҳамкориҳо бо Эронро таҳрим карданд.
XS
SM
MD
LG