Пайвандҳои дастрасӣ

Ситезаҷӯён дар Покистон ду нафарро гаравгон гирифтаанд


Полиси Покистон мегӯяд, ситезаҷӯёни исломӣ ду нафарро дар як бинои маъмурӣ дар Пешовар гаравгон гирифтаанд. Ин воқеа пас аз ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба минтақаи иншооти ҳарбӣ ва давлатии Покистон дар шимолушарқи Пешовар иттифоқ афтодааст. Сухангӯи Вазорати дифои Покистон, Ахтар Аббос гуфт, нерӯҳои давлат тамоми талошро мекунанд, ки мушкилро ҳал намоянд ва онҳо то ҳол талафоте надодаанд. Намояндаи аршади полиси Пешовар, Каримхон гуфтааст, ҳадафи ҳамлаи ин гурӯҳи мусаллаҳ рӯшан нест, аммо он мехост, ба минтақае роҳ ёбанд, ки бахшҳои хадамоти иктишофии Покистон ва консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар он ҷо воқеанд.
XS
SM
MD
LG