Пайвандҳои дастрасӣ

Низомхон Ҷӯраев дар Маскав боздошт шудааст


Шӯъбаи умури дохилии Хамовникии шаҳри Маскав боздошти гумонбари асосӣ дар қазияи мавсум ба "парвандаи исфарагиҳо" собиқ раиси корхонаи кимиёи Исфара ва узви пешини Маҷлиси вакилони вилояти Суғд, Низомхон Ҷӯраевро тасдиқ кард. Пештар сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Маҳмадулло Асадуллоев, гуфт, Низомхон Ҷӯраев рӯзҳои наздик ба Душанбе истирдод хоҳад шуд. Низомхон Ҷӯраев ҳамроҳ бо даҳҳо нафар аз ҳамкоронаш аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба содир кардани ҷиноятҳои сахт муттаҳам шудааст. Вале ӯ пас аз боз шудани парванда дар соли 2007 ба хориҷи кишвар фирор кард. Соли гузашта гурӯҳи 31-нафарии ҳамроҳони ӯро Додгоҳи олӣ ба муҳлатҳои аз 10 то 25 сол маҳкум ба зиндон кард. Додгоҳ ин гурӯҳро ба ҳамдастӣ дар куштори Толиб Бобоев – собиқи муовини додситони кулли Тоҷикистон дар соли 1999, таъсиси иттиҳоди ҷиноӣ, сохтакории аснод, пинҳон доштани андоз ва дигар мавридҳои нақзи қонун айбдор эълон кардааст.
XS
SM
MD
LG