Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Силсилаи сафарҳои Э. Раҳмон дар Ҷиргатол поён ёфт


Сафари раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба манотиқи шарқии ин кишвар рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Ҷиргатол ба поён расид. Вай дар ин ҷо аз чанд муҷтамаи картошкапарварӣ дидан кард. Пеш аз ин Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи бинои шӯъбаи раштии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи Садриддини Айнӣ ширкат ҷуст. Силсилаи сафарҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияҳои вилояти Хатлон ва акнун водии Рашт, ба иттилои дафтари раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати солгарди истиқлолияти миллии Тоҷикистон тарҳрезӣ шудаанд. Боздиди раисиҷумҳур аз ноҳияҳои водии Рашт дар ҳоле анҷом гирифт, ки нерӯҳои интизомии Тоҷикистон амалиёти ҷӯстуҷӯи 25 зиндонии фирориро дар ин минтақа ва умуман шарқи Тоҷикистон идома медиҳанд ва то ҳол ба натиҷае нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG