Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба "минтақаи сабз"-и Пешовари Покистон


Гурӯҳи мусаллаҳ, ки гумон меравад, ситезаҷӯёни мазҳабиянд, талош кард, бо тирандозӣ ба як минтақаи иншооти ҳарбӣ дар шимолушарқи шаҳри Пешовари Покистон ворид шавад, вале бо оташи ҷавобии артиш ба ақиб афканда шуд. Аз талафот хабар нарасидааст ва гуфта мешавад, мусаллаҳон дар биноҳои атроф пинҳон шудаанд. Намояндаи аршади полиси Пешовар, Каримхон мегӯяд, ҳадафи онҳо рӯшан нест, аммо онҳо мехостанд, ба минтақае роҳ ёбанд, ки бахшҳои хадамоти иктишофии Покистон ва консулгарии Иёлоти Муттаҳида дар он ҷо воқеанд.
XS
SM
MD
LG