Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина содироти гандумро фавран манъ намекунад


Украина мегӯяд, дастикам барои 4 ҳафтаи дигар судури гандуми худро ба хориҷ маҳдуд намекунад. Дар авоили моҳи ҷорӣ Русия-яке аз кишварҳои бузурги содиркунандаи гандум содироти гандуми худро мамнуъ эълон кард ва он билофосила ба боло рафтани нархи маҳсулоти ғаллагӣ дар бозорҳо шуд. Соли ҷорӣ хушксолӣ ба ҳосили ғаллаи Русия таъсир гузошт. Рӯзи ҷумъа Виктор Слаута-муовини нахуствазири Украина гуфт, ки ҳукумати кишвараш то 15-ӯми сентябр имкони манъи содироти гандумро баррасӣ намекунад. Тоҷирони ин кишвар аз ҳукумат хостаанд, ки барои судури тақрибан 2 миллион тон гандум ба онҳо вақт диҳанд.
XS
SM
MD
LG