Пайвандҳои дастрасӣ

Дар пайи мавриди иҷро қарор гирифтани Қонуни нави мурофиавӣ - ҷиноятии Тоҷикистон, аз моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаққи адвокат ё ҳимоякунанда дар ҷараёни бозрасӣ ва муҳокимаи парванда баробар ба додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ дониста шудааст.

Зеро дар се банди Кодекси нави мурофиавӣ - ҷиноятии Тоҷикистон мақому салоҳияти адвокат ва ё вакилони дифоъ ба маротиб боло рафта ва ҳамакнун мақомоти тафтишот ва ё додгоҳ муваззафанд, то дар раванди бозрасӣ ва дар ҷараёни мурофиаи додгоҳ ҳатман назар ва мавқеи адвокатро ба эътибор бигиранд. Чунин таҳаввул дар амри ҳимояти ҳуқуқи инсон ва боло бурдани нақши вакили дифоъ қадами ҷиддӣ дониста мешавад.

Гаронтарин нарх – ҳаққи адвокат

Боло бурдани мақому салоҳияти адвокат дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар хориҷа хадамоти ин қишри ҷомеа бо гаронтарин қиммат анҷом мешавад. Яъне адвокат дар ивази дифоъ аз ҳуқуқи зерҳимояаш маблағи калонеро ба даст меорад. Аммо ба андешаи Абдуқаюм Юсуфов, муовини раиси Коллегияи адвокатҳои «Сипар» ва вакили дифоъ дар Тоҷикистон «қадр» -и адвокати тоҷик «оби дари хона» -ро мемонад.

Ӯ мегӯяд: «Оби дари хона қадр надорад, мутаасифона мо бархеҳо адвокатҳоро аз хориҷа меоранд. Дар ҳоле, ки адвокати тоҷик, он кореро, ки адвокати хориҷӣ мекунад, карда метавонад. Аммо агар қиматтарин нарх ин нархи ҳаққи адвокатҳо мебуд, адвокатҳои тоҷик пои пиёда аз ин бинои мақомот ба он бино намерафтанд, балки дар мошинҳои даккаданг савор мешуданд».

Ин дар ҳолест, ки дар замони Шӯравӣ адвокат аз ҷойгоҳи вижа дар миёни мардум бархӯрдор буд ва корафтодагон ба кӯмаки вакилони дифоъ мешитофтанд. Ҳатто адвокатҳои машҳуре низ буданд, мисли Қурбон Муҳаммадиев, ки бештари касон кӯшиш мекарданд, то ҳимояткунандаи парванда онҳо бошанд. Зеро ин шахс бо истифода аз донишу таҷрибаи бойи ҳуқуқӣ аз зерҳимояаш дифоъ мекардааст.

Адвокат – миёнарав?


Пас чаро имрӯз муносибат бо адвокат дигар аст? Амнияти Абдуназар, коршиноси тоҷик дар посухи ин суол мегӯяд, «Асалн адвокат ҳимоятгари мардум аст, вале дар Тоҷикистони мо адвокатҳо ҳуқуқи мардумро дифоъ намекунанд.

Чун дар кишвар фасод ва ришва вуҷуд дорад ва ҳуқуқи инсон низ дар дасти прокурор ё додситон ва додрас аст. Адвокат миёнараве аст байни прокурору суд ва ҷабрдида. Дигар ҳеҷ».

Виҷдони пок

Албатта муовини раиси Коллегияи адвокатҳои мавсум ба «Сипар» Абдуқаюм Юсуфов, ин гуна маворидро рад намекунад, аммо мегӯяд, «дар қонуни нави мурофиавӣ - ҷиноятӣ тамоми имконияти баробар ба адвокат дода шудаст ва дар чорчуби қонун адвокат метавонад ҳуқуқи инсонро ҳимоят кунад. Яъне дифоъ аз ҳуқуқи зерҳимоя аз худи адвокат вобаста аст ва агар вай бо виҷдони пок ва содиқона амал кунад, касе наметавонад монеъи ӯ шавад».

Ин дар ҳолест, ки Сайлимоҳ, як сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, албатта дар ин гуна масоил, манзур хизмати адвокат пули калон нақши асосиро мебозад.

Зеро ба гуфтаи вай, вакили мудофеъи онҳо бо гирифтани пули калон тавонист, натанҳо мӯҳлати ҷазо барои бародарашро кам кунад, балки аз толори додгоҳ озод шуд.

Ӯ гуфт: «Адвокати мо рӯзи аввал даъват кард ва нархашро гуфт ва пас аз он, ки ҳақашро гирифт, пайи кор шуд. Ростӣ аз ӯҳдаи вазифаааш баромад, яъне корро ба манфиати мо ҳал кард».

Пул гирифту коре накард

Аммо ҳодисаҳои дигаре низ ҳаст, ки бархе аз вакилони дифоъ бо вуҷуди ба даст овардани ҳаққи хизматашон зери фишори айбдоркунанда барои зерҳимояи худ кореро карда наметавонад.

Сайфиддин, як сокини шаҳри Ваҳдат, ки барои ғорату авбошӣ панҷ соли ҳаёташро пушти панҷараи зиндон сипарӣ кардааст, мегӯяд, адвокати вай пули хидматашро гирифта, вале аслан кореро анҷом надодааст.

Ӯ гуфт: «Ба адвокат пул додем, лекин вай натавонист, корро анҷом бидиҳад, Мерафту меомад ва бо додситон раду бадал мекард. Дар як-ду мурофиъа низ ширкат кард ва як-ду суол низ дод, дигар коре накард. Кораш рӯзкуркунӣ буд».

Бештари корафтодагони қазияҳои додгоҳӣ, дар нисбати адвокат, корашонро бештар бо додситон ва додрас дар миён мегузоранд. Ҳатто дар нахустин лаҳзаҳои боздошт ва ё гумонбарӣ аз адвокат ёде намекунанд. Дар ҳоле, ки дар кишварҳои пешрафта ҳеҷ шахси гумонбар ба ҷиноят ва ҳатто ҷинояткор бидуни адвокаташ сухан намегӯяд.

Фишори мақомоти тафтишот


Ин дар ҳолест, ки аксари адвокатҳо бар ин боваранд, ки ҳамакнун дар пайи таблиғи кодекси нави мурофиавӣ - ҷиноӣ тавассути радио ва телевизион мизони огаҳии ҳуқуқии аксари шаҳрвандон боло рафтааст. Аммо ба эътиқоди адвокат Шӯҳрат Қудратов мақомоти тафтишот ҳуқуқҳои шаҳрвандонро ба ҳангоми боздошт ва бозпурсӣ поймол мекунанд.

Ӯ мегӯяд: «Зиёда аз 50 дар сади шаҳрвандон ҳуқуқҳои худро медонанд ва ба ҳангоми боздошт низ медонанд, ки бояд аз хизмати адвокат истифода кунанд ва мақомоти тафтишот низ ба онҳо инро мегӯянд. Аммо ҳамин мақомоти тафтишот боз ҳуқуқҳои шаҳрвандонро поймол мекунанд. Яъне онҳо манфиатдоранд, ки то омадани вакили мудофеъ аз ҷабрдида баёнот бигиранд ва ҷиноятҳоро бар дӯш бигирад».

Тафтишот ба адвокатҳои бақувват манфиатдор нест

Аз сӯи дигар Ҷунайд Ибодов, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд, бадбахтӣ дар он аст, ки мақомоти тафтишот манфиатдор ба адвокати ботаҷриба дар раванди баррасии парванда нест, «тарафи тафтишот мутаасифона ҳозир психлогияе, ки доранд, табиатан тарафдори он нест, ки адвокат бақувват бошад. Вай як мақсад дорад, кори ман аз ҳамин суд гузарад. Ба ҳамин роҳ, вай ба адвокати бақувват манфиатдор нест. Вале охир ҷамъият манфиатдор аст. Аз тарафи қонунӣ онҳо баробаранд, вале барои иқтидори касбӣ адвокатро бардоштан манфиатдорӣ вуҷуд надорад».

Ин аст, ки ҳамакнун адвокатҳои саршинос ва онҳое, ки битавонанд аз ӯҳдаи дифои зерҳимояашон дар парвандаҳои ҷиноятӣ ва пурсарусадо бароянд, дар Тоҷикистон хеле ангуштшуморанд. Зеро таҷриба нишон медҳад, ки дар бархе аз парвандаҳо адвокатҳо аз хориҷи кишвар, ба хусус аз Русия даъват карда мешаванд.

Ниёз ба адвокатҳои саршинос

Танҳо дар ин авохир метавон аз хадамоти адвокат Солеҳҷон Ҷураев дар парвандаи пурсарусадои «исфарагиҳо» ном бурд, ки вай тавонист то ҷое мӯҳлати ҷазои зерҳимояҳояшро бо ироаи далелу бурҳони қотеъ коҳиш бидиҳад ва аз сӯи дигар баҳси ҷиддиеро дар матбуот барангезад.

Соҳибназарон бар инанд, ки дар шароити феълии гузариш аз сохти пешини додгоҳӣ ба системаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, барои Тоҷикистон вакилони дифое мисли Солеҳҷон Ҷураев, Сайидалишоҳ Одинаев, Раҳматулло Зоҳиров, Саидкомил Қурбонов, Файзиннисо Воҳидова, Саидакрам Комилов ва ғайра лозим аст, ки тавонанд дар баррасии парвандаҳо дар муқобили макомоти тафтишот истодагарӣ карда тавонанд ва ҳуқуқҳои зерҳимояашонро дифоъ кунанд.

Зеро ба гуфтаи як тан аз адвокатҳои тоҷик, дар баъзе аз парвандаҳо фишор ба ҳадде сурат мегирад, ки ҳатто аз вакилони дифоъ барои хомушӣ ихтиёр кардан дар мавриди қазия баёноти хаттӣ низ гирифта мешавад.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз адвокатҳо дар Тоҷикистон мегӯянд, дар ин авохир нахустин қадамҳое дар баробарии айбдоркунанда ва ҳимояткунанда дар ҷараёни бозрасӣ ва таҳқиқи парвандаҳо ба мушоҳида мерасад. Ҳарчанд ба гуфтаи адвокатҳо ин амр ба сахтӣ сурат мегирад. Дар ҳар сурат, қонунҳои демократӣ дар ҷомеаи демократии Тоҷикистон ба сахтӣ ҳам бошад, вале ба тадриҷ амалӣ мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG