Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шаҳрванди Амрико аз зиндони Пхенян озод шуд


Як шаҳрванди амрикоӣ бо номи Айҷалон Гомес, ки аз моҳи январи соли ҷорӣ дар Кореяи Шимолӣ зиндонӣ буд, аз зиндон раҳоӣ ёфт. Ҷиммӣ Картер-раиси ҷумҳури пешини Амрико бо Гомес рӯзи ҷумъа Пхенянро тарк кард. Қарор аст то поёни рӯз онҳо ҳар ду вориди шаҳри Бостони Амрико шаванд. Дар Вошингтон аз хабари раҳоии Айҷалон Гомес истиқбол карданд. Дар ҷараёни боздид аз Пхенян Картер бо Ким Ёнг Нам-раҳбари рақами дуи Короеяи Шимолӣ мулоқот кард. Ким Ёнг Нам изҳор дошт, ки Пхенян омода аст музокироти шашҷонибаро роҷеъ ба ӯҳдадориҳои кишвараш дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ аз сар бигирад.
XS
SM
MD
LG