Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамъбасти Олимпиадаи наврасон


Дар маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» дар бораи ҷамъбасти нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Сингапур ва натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони ҷавони тоҷик нақл мекунем.

Нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Сингапур тӯли 12 рӯз идома кард, 26-уми август ба анҷом расид. Дар ин бозиҳо 3600 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз ҳамаи панҷ қитъаи олам дар 30 навъи варзиш қувваозмоӣ карданд.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи наврасони Сингапур бо шумули 6 варзишгар дар риштаҳои бокс, варзиши сабук, гуштии озод, камонварӣ ва таеквондо ширкат варзид.

Чин бо 54 медал – 30 тилло, 18 нуқра ва 6 биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Русия, ки 49 медал (20+17+12) ба даст овард, дар ҷои дуввум қарор гирифт. Куриёи Ҷанубӣ бо 21 медал (11+5+5) севум шуд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо низ Чин ҷои аввал ва Русия ҷои дуввумро азони худ карданд. Укроин бо 35 медал (10+9+16) ҷои севумро гирифт.

Наврасони тоҷик ба мисли варзишгарони бузургсоли кишвар, ки ду сол пеш дар Олимпиадаи Пекин ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда буданд, айнан бо чунин натиҷа рӯзи 30-юми август аз Сингапур ба Ватан бармегарданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 килограмм медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар риштаи таеквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Баҳодур Қодиров, варзишгари тоҷик, дар сабқати гуштии озод дар Сингапур соҳиби медали нуқра шуд
Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардидааст, дар ҷои 70-ум қарор гирифт ва байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ пас аз Русия, Укроин, Озарбойҷон, Литва, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Узбакистон ва Арманистон ҷои 10-умро касб намуд. Молдова низ мисли Тоҷикистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дорад ва дар ҷои 10-ум мебошад. Пас аз Тоҷикистон Гурҷистон, Латвия ва Туркманистон, ки ҳар кадом 1 медали биринҷӣ гирифтааст, ҷойгир шудаанд. Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ танҳо Эстония медал нагирифтааст.

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон, ки 1 медали биринҷӣ ба даст овардааст, пеш гузашт. Қазоқистон 6 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ, Қирғизистон 3 медал – 1 тилло ва 2 биринҷӣ, Узбакистон 7 медал – 2 нуқра ва 5 биринҷӣ гирифтаанд.

Умуман, варзишгарони навраси 58 кишвар ба унвони қаҳрамони нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон даст ёфтаанд, ки миёни онҳо, инчунин, намояндагони кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия, Укроин, Озарбойҷон, Литва, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ҳастанд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, корманди масъули Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз натоиҷи ба даст овардаи варзишгарони тоҷик дар нахустин Олимпиадаи наврасон дар Сингапур изҳори қаноатмандӣ кард. Ба андешаи ӯ ширкати варзишгарони ҷавони тоҷик дар нахустин Олимпиадаи наврасон дар Сингапур заминаест барои иштироки онҳо дар Бозиҳои минбаъдаи олимпии бузургсолон.

25-уми август мусобиқа барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон-2010 бо бозиҳои аввали даври чорякниҳоӣ шурӯъ шуд. Дар мусобиқаи имсола 8 даста – 5 дастаи лигаи олӣ ва се дастаи лигаи аввал барои ба даст овардани Ҷоми Тоҷикистон мубориза мебарад. Вале чаҳор дастаи лигаи олӣ - «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ССКА «Помир»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб ба иллати набуди маблағ аз пардохти ҳаққи ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон-2010 даст кашиданд.

Шукрона Шарифова (аз тарафи рост), варзишгари тоҷик, ҳини сабқат
Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз он изҳори нигаронӣ кард, ки теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи мусобиқаи имсола барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон хеле коҳиш ёфтааст. Бинобар ин мусобиқа якбора аз даври чорякниҳоӣ шурӯъ шуд.

Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009, дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар бо тими «Энергетик»-и Душанбе рақобат кард. Бозӣ бо ҳисоби мусовии 3-3 анҷом ёфт. Дар ду бозии дигари чорякниҳоӣ дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода дар майдони худ бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2-0 ва дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар тими меҳмон - «Ҳулбук»-и Восеъ бо ҳисоби 3-0 пирӯз шуданд. Боз як бозии чорякниҳоӣ байни дастаи мизбон - «Шодмон»-и Ҳисор ва тими «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо ҳисоби 1-1 ба охир расид.

Бозиҳои ҷавобии чорякниҳоӣ 1-уми сентябр баргузор мешаванд. Баъдан чаҳор дастаи беҳтарин ба бозиҳои даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 8-ум ва 15-уми сентябр барпо мегарданд, роҳ меёбанд. Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон-2010 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.

Радиои Озодӣ бахшида ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол озмуни мухлисонро эълон карда буд, ки мо ба шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш», ва, ҳамчунин тавассути сомонаи интернетии Озодӣ ба хонандагон дар бораи ҷамъбасти ин озмун хабар дода будем. Ва дар ин барнома сӯҳбате дорем бо Дилшод Раҳимов, ғолиби озмуни мухлисони футбол, ки ба у тӯҳфаи радиои Озодӣ - танӯри барқӣ супурда шуд.

Барои шунидани барнома ишораи аудио дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.
XS
SM
MD
LG