Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Раҳмон аз шарқи Тоҷикистон идома дорад


Боздиди Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз манотиқи шарқии ин кишвар идома дорад. Вай дар идомаи боздид аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ба водии Рашт рафт. Дар дафтари раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба матбуот гуфтаанд, ин силсилабоздидҳои барномарезишудаи раиси ҷумҳур дар остонаи 9-ӯми сентябр, яъне рӯзи солгарди истиқлоли Тоҷикистон аст. Боздиди раиси ҷумҳур аз ноҳияҳои водии Рашт дар ҳоле анҷом мегирад, ки нируҳои интизомии Тоҷикистон амалиёти ҷӯстуҷӯи 25 зиндонии фирориро дар ин минтақа ва умуман манотиқи шарқии Тоҷикистон идома медиҳанд ва то ҳол ба натиҷае нарасидаанд.
XS
SM
MD
LG