Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазорати корҳои хориҷӣ: Ба маҳбусони фирорӣ виза надиҳед


Мақомоти марбутаи Тоҷикистон аз сафорати Афғонистон дар Душанбе ва аз консулгариҳои ин кишвар дар манотиқ хостаанд, ки аз додани раводид ё визаи сафар ба маҳбусони фирорӣ аз зиндони Тоҷикистон барҳазар бошанд. Ва аз вуруди онҳо ба қаламрави Афғонистон ҷилавгирӣ кунанд.

Муҳаммадэҳсони Мисбоҳ, мушовири сафири Афғонистон дар Душанбе гуфт, ки бар асоси дархосте, ки аз ҷониби Тоҷикистон дарёфт кардаанд, додани виза дар консулгариҳои ин кишвар зери назорат аст ва аз эҳтимоли убури маҳбусони фирорӣ ба хоки Афғонистон, чӣ аз роҳи қонунӣ ва аз ҳар роҳи дигар ҷилавгирӣ хоҳад шуд.



Рӯзи панҷуми фирор

Ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ аз боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон панҷ рӯз идома дорад, аммо то кунун натиҷае надодааст. 25 нафар зиндонӣ шаби 23 август аз боздоштгоҳи шумораи яки шаҳри Душанбе фирор намуданд.

Бархе манобеъ гузориш медиҳанд, ки танҳо изи ба ҷой гузоштае, ки нерӯҳои амниятӣ аз маҳбусони фирорӣ пайдо карданд, чанд мошине мебошад, ки дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Ромит ёфт шуда ва эҳтимол меравад, ки фирориён аз ин мошинҳо истифода карда бошанд.

25 маҳбусе, ки дар боздоштгоҳи муаваққати Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешунад, шаби якшанбе ба душанбеи 23 август, баъди кушани панҷ посбони зиндон тавонистанд фирор кунанд. Онҳо зимни фирор, либосҳои худро бо либосҳои низомӣ иваз намуда ва ҳамчунин як миқдор силоҳ ва муҳимоти посбонҳои зиндонро низ бо худ бурдаанд.

Ин афрод тавассути Додгоҳи Олии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои сангин, назири куштор, талош барои сарнагунии ҳукумат, даҳшатафканӣ, қочоқи маводи мухаддир ба муддатҳои тӯлонӣ маҳкум шуда буданд.

Дар байни зиндониёини фирорӣ 6 шаҳрванди Русия, 2 шаҳрванди Узбакистон ва 4 афғон низ будаанд. 13 фирории боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Ҳамзамон, фирори Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев ва ду бародарзодаи Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирорӣ ва ду бародари Неъмат Азизов, ки дар нооромиҳои шарқи Тоҷикистон дар соли гузашта муҷрим шинохта шуданд, низ тайид шудааст.

Рӯйхат ва акси зиндониёни фирорӣ дар матбуоти чопи рӯзи панҷшанбе ва тавассути хабаргузориҳо ва шабакаҳои телевизонӣ нашр шудааст.

Нерӯҳои вазорати умури дохила, Кумитаи амнияти миллӣ ва нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамагӣ барои боздошти маҳбусони фирорӣ басиҷ шудаанд.

Ба ин манзур мақомот ба водии Рашт, ки эҳтимол меравад, бархе аз фирориён ба он ҷо гурехта бошанд, нирӯи изофӣ, бо шумули зиреҳпӯшҳо эъзом кардаанд.

Қаблан, раиси ҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ба ниҳодҳои вобастаи кишвараш дасттур дода буд, ки ба мақомоти Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи маҳбусони фирорӣ кӯмак кунанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG