Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба генерали ҳинд ба Чин раводид надоданд


Ҳиндустон доду гирифти дифоии худро бо Чин боздоштааст. Ин дар ҳолест, ки Пекин аз додани раводид ба як генерали артиши Ҳиндустон аз минтақаи баҳсбарангези Кашмир худдорӣ кардааст. Соли гузашта Ҳиндустон бар зидди чигунагии содир кардани раводидҳои мухталиф дар сафоратхонаи Чин ба сокинони Кашмири Ҳиндустон эътироз карда буд. Кашмир дар миёни баъзе кишварҳо минтақаи баҳсбарангез боқӣ мондааст. Ҳиндустон мегӯяд, ки қаламрави ин минтақа ба Ҳинд тааллуқ дорад. Вале ин баҳсҳо даҳҳо сол идома дорад.

XS
SM
MD
LG