Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди эпидемия дар минтақаҳои селзадаи Покистон


Дар ҳоле, ки миллонҳо нафар аз мардуми Покистон аз селобҳои ахир осеб дидаанд, давлати ин кишвар рӯзи панҷшанбе дастур дод, то панҷсад ҳазор нафар дар шаҳрҳои мухталиф хона ва кошонаи худро тахлия кунанд.

Дар ҳамин ҳол, СММ низ дар ҳамин рӯз итминон дод, ки бо вуҷуди таҳдидҳои Толибон алайҳи имдодгарони байналмилалӣ, ин созмон ба амалиёти кӯмакрасонӣ дар ин кишвар идома хоҳад дод.

Боронҳои мавсимӣ, ки ба селобҳои густурда дар Покистон мунҷар шуд, то кунун ба масоҳати наздик ба якпанҷуми Покистон осеб ворид кардааст.

Аз сӯи дигар, дар ҳоле, ки мақомҳои амрикоӣ нисбат ба таҳдидҳои Толибон алайҳи нерӯҳои имдодӣ ҳушдор додаанд, Ҷон Ҳелмз, раиси кӯмакҳои башардӯстонаи СММ рӯзи панҷшанбе таъкид кард, ки амалиёти имдодии ин созмон мутаваққиф нахоҳад шуд.

Вай дар мақари СММ ба хабарнигорон гуфт: «Мо аз он чӣ ки бовар дорем бояд анҷом диҳем, ки ҳамон кӯмак ба мардуми Покистон аст ақиб нахоҳем кашид».

Раиси кӯмакҳои башардӯстонаи СММ афзуд: «Ин таҳдидҳо пеш аз селобҳо низ вуҷуд дошт».

Таҳдиди бемориҳои эпидемӣ дар манотиқи осебдида

Селобҳои ахир то кунун ба зиндагии беш аз 17 миллион аз шаҳрвандони ин кишвар осеб расонидааст. Бар пояи гузоришҳои мунташиршуда, аз миёни осебдидагон идомаи зиндагии 8 миллион нафар аз ин осебдидагон ба таври мустақим ба кӯмакҳои имдодӣ бастагӣ дорад.

Давлати Покистон марги 1400 нафар ва захмӣ шудани 2344 нафари дигарр таъид кардааст. Бо ин ҳол, мақомҳои покистонӣ ҳушдор додаанд, ки хатари ибтило ба бемориҳои эпидемӣ зиндагии миллионҳо нафар дар ин кишварро таҳдид мекунад.

Дар ҳамин ҳол, СММ эълом кардааст, ки 800 ҳазор нафар аз манотиқи селзада, ки иртиботашон бо атроф қатъ шудааст, ба шиддат ба кӯмакҳо ниёз доранд. СММ барои дастрасӣ ба ин манотиқ, хостори чархболҳо шудааст.

Аз сӯи дигар, Созмони муҳоҷирати ҷаҳонӣ низ гузориш додааст, ки чаҳор миллиону панҷсад ҳазор нафар аз селзадагон дар Покистон ниёз ба сарпаноҳ доранд.
XS
SM
MD
LG