Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин хостори сохтмони шоҳроҳ шуд


Имрӯз Владимир Путин-нахуствазири Русия изҳор дошт, ки Русия бояд шоҳроҳи Маскав-Санкт-Петербургро тавассути ҷангали Химкии атрофи Маскав бисозад. Вай гуфт:

"Мо ба шоҳроҳи наве ниёз дорем, ки ду шаҳри бузурги Русия Маскаву Санкт-Петербургро ба ҳам пайвандад. Ин комилан рӯшан аст. Ин барои иқтисоди мо ва барои мардуми мо муҳим аст. Масъалае, ки аз куҷо ин роҳ бояд бигзарад, албатта, масъалаи ҷиддист".

Ин суханони Путин дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯзи пеш Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфт, бояд сохтмони ин шоҳроҳ боздошта шавад. Мухолифати ҳомиёни муҳити зист ба сохтмони ин шоҳроҳ солҳост идома дорад. Рӯзи якшанбе ҳудуди 2 000 нафар ба нишонаи эътироз бар зидди сохтмони ин шоҳроҳ дар Маскав дар як консерти ғайримуҷоз шират карданд.

XS
SM
MD
LG