Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаракати нақлиёт дар роҳи Айнӣ-Масчоҳ барқарор шуд


Бино ба ҳисобҳои муқаддамотӣ, зарари офати табиӣ дар ноҳияи Айнӣ 1-миллион сомониро ташкил додааст. Баъд аз чанд рӯзи баста шудани роҳи мошинарави миёни Айнӣ ва Масчоҳи кӯҳистонӣ ҳоло ҳаракати нақлиёт дар ин самт аз сар гирифта шудааст. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба раиси вилояти Суғд ва раиси ноҳияи Айнӣ дастур додааст, ки ба хонаводаҳои осебдида кӯмак расонанд. Аз ҷумл, барои оилаҳое, ки дар ин офат манзилҳои зисташонро аз даст додаанд, дар ноҳояи Зафаробод барояшон ҷой дода шавад. Ин офат қурбонии ҷонӣ низ доштааст. 23-юми август дар натиҷаи бориши боронҳои шадид сокинони деҳоти Рарзу Похуд, Путхину Шаватки Поён, Зосуну Сангистон ва Томин зарар дидаанд. Дар ин бора хабаргузории "Азия-Плюс" иттилоъ додааст.
XS
SM
MD
LG