Пайвандҳои дастрасӣ

Масъулини яке аз макотиби калонтарини Хоруғ-воқеъ дар маҳалли Тирчид изҳор доштанд, ки дар соли нави таҳсил онҳо мушкилоти таъминот бо омӯзгорро пурра ҳал карда, бинобар набуди ҷой бархе аз довталабонро ба кор гирифта натавонистанд.

Ба гуфтаи сарвари мактаб Алигавҳар Алигавҳаров, таъсиси сандуқи хайрия барои омӯзгорон ба ҷилавгирӣ аз «пойи гурез» ҷустани омӯзгорон аз мактаб ва ҳавасманд гардондани мутахассисони ҷавон ба касби омузгорӣ сабаб шуд.

Таҷрибаи нодир дар Бадахшон

Гулсара Аёмбекова, як омӯзгори ҷавони фанни кимиё мегӯяд, ки ба хотири маоши зиёдтар, дар қатори довталабони дарс гуфтан дар литсей меистод, аммо маоши иловагие, ки аз ҷониби иттиҳодияи волидайн ва омӯзгорон барояш пардохт мешавад, ӯро аз тарки мактаб боздоштааст.

Ба гуфтаи Саодатқадам Хоркашев, муовини раиси ин иттиҳодия, маоши иловагӣ ба омӯзгорон вобаста ба натиҷаи фаъолият дар охири ҳар моҳ пардохт гардида, аз 35 то 161 сомониро ташкил медиҳад.

Вай изҳор дошт, маоши омӯзгори дараҷаи олӣ 153 сомонӣ аст ва имконияти гирифтани иловапулии ба он баробар ба бештар шудани ҳавасмандии касбии омӯзгорон ва боло рафтани сатҳи таълиму тарбия мусоидат мекунад.

Саодатқадам Хоркашев гуфт, ин тадобир бе омодагӣ ба дарс ҳозир шудани омӯзгорон ва пешниҳод намудани варақаҳои корношоямиро қариб аз байн бурдааст.

Намояндаи волидайн Шавкат Хосабеков мегӯяд, ки тайи як соли таҳсил, ба мақсади ҳавасмандгардонӣ, 94 ҳазор сомонӣ маблағи нақдӣ ва ғайринақдӣ ба омӯзгорон пардохт гардидааст, ки дар он ба ғайр аз волидайн афроди алоҳида ва соҳибкорони маҳаллӣ саҳм доштаанд.

Ба фикри вай, сандуқи хайрия барои ҳавасмандгардонии талаба, волидайн ва омӯзгор ба таълиму тадрис мусоидат кардааст ва аз самараи он ҳар се тарафи манфиатдор баҳра бурдаанд.

Ба гуфтаи Лайло Нафасшоева, яке аз волидайни дигари мактаб, ягона литсей дар маркази вилоят бинобар тангии зарфияти он ва пардохти ҳаққи таҳсил камтар аз 15 дар сади хонандагони макотиби шаҳрро ба таҳсил фаро мегирад, аммо ҳамаи волидайн мехоҳанд, ки фарзандонашон дар макотиби беҳтарин дарс хонанд.

Вай афзуд, бо хотири ҷилавгирӣ аз коҳиши сифати таълиму тарбия дар макотиби ба истиллоҳ «ғайриэлита» ва наҷоти омӯзгор аз чанголи нодорӣ, волидайн дар фикри таъсиси сандуқи хайрия шуданд. Ба гуфтаи Лайло, тақдири қариб бе омӯзгор мондани як мактаби дигари калонтари шаҳр волидайнро ба иқдоми дастгири намудани мактаб таҳрик додааст.

Иттиҳодия қасд дорад, ки таҷрибаи волидайн ва омӯзгоронро дар мавриди таъсиси сандуқи хайрия барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии омӯзгорон дар дигар макотиби вилоят низ густариш диҳад.

Ниёзи мактабҳо ба омӯзгор

Ба иттилоъи идораи маорифи Бадахшон, макотиби вилоят ба бештар аз 136 омӯзгор ниёз дорад. Гуфта шуд, соли гузашта бо сафарбар шудани муассисилин курсҳои 5-уми Донишгоҳи Хоруғ ба макотиб, муваққатан мушкилоти таъминоти кадрӣ ҳал гардид, вале бо поён ёфтани таҷрибаомузӣ, макотиб аз нав бе омӯзгор монданд.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар макотиби Бадахшон зиёда аз 200 нафар бо маълумоти миёна ва зиёда аз 400 каси дигар бо маълумоти олии нопурра ва махсус омӯзгорӣ мекунанд.

Аммо мутахассиси пешбари идораи маорифи Бадахшон Тоҷиддин Орумбеков раванди рӯ овардани мутахассисони ҷавон ба макотибро тайи солҳои охир бесобиқа арзёбӣ карда гуфт, ки аз 343 нафар мутахассисони ҷавони донишгоҳи Хоруғ, аллакай 188 нафарашон барои кор муроҷиат карданд.

Вай беҳтар шудани шароити таълим ва қоил шудани имтиёзҳо дар мавриди гирифтани қарзи бонкӣ ба мақсади рушди хоҷагии ёрирасон ва ҷой барои сохтмони манзилро аз авомили ҷалби мутахассисони ҷавон ба макотиб мешуморад.

Дар макотиби Бадахшон бештар аз 5 ҳазор омӯзгор дарс медиҳанд. Ба гуфтаи коршиносон, дар ҳоле, ки тарк кардани макотиб аз ҷониби омӯзгорон ба қасди муҳоҷирати меҳнатӣ ва ё даст задан ба шуғлҳои дигар ба иллати камбуди маош ҳанӯз идома меёбад, кӯмаки сандуқи хайрия барои ҷилавгирӣ аз ин раванд зарур хоҳад буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG