Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афзоиши шумораи кӯдакони талбанда ва мавридҳои сӯйистифода аз кори чунин кӯдакон аз ҷониби гурӯҳҳое, ки «мафия» ном бурда мешаванд, дар ин авохир нигарониҳои мақомот ва ҷомеаи шаҳрвандии Хатлонро ба бор овардааст.

Мақомоти интизомии вилояти Хатлон гурӯҳҳо ва афроди алоҳидаеро, ки кӯдакони бесарпаноҳ, маъюб ва хиёбониро маҷбур ба талбандагӣ карда, онҳоро ба воситаи тиҷорати муфти худ табдил додаанд, мавриди пайгарди қонунӣ қарор додааст.

Шаҳобуддин
Саргузашти як ҷавонписари талбанда


Шаҳобиддини 10-сола дар чаҳор соли ахир дуд андохтани сипандро ба худ касб намуда, хонаводаи нодору ниёзмандашро бо пули сипанду талбандагӣ таъмин мекунад.

Вай мегӯяд, баъд аз фавти падар, модараш бемору бистарӣ гардида, бори гарони зиндагӣ ба дӯши ӯ ва бародари 12-солааш вогузор шуд.

Рӯйи қафаси синаи Шаҳобиддин изи калони захме ба назар мерасад.
Вай мегӯяд, ин захм аз лаълии оташини сипанддудкуниаш аст, ки марди «раҳбар»-аш сари хашм ба зери гарданаш задааст. Шаҳобиддин яке аз даҳҳо кӯдакони дигар мебошад, ки воситаи даромад ё ба истилоҳ «гаравгон»-и гурӯҳҳои ба ном сарпарастест, ки аз роҳи талбандагӣ пул ба даст меоранд. Аз Шаҳобиддин таърихи захми бардоштаашро пурсон шудам, вай гуфт:

"Як одам маро зад, баъд зери гарданамро сӯзонд.

- Бо чӣ сӯзонд ва барои чӣ?

- Бо ҳамин косачаи сипанд. Бегуноҳ будам.

- Чӣ талаб кард?

- "Пул те» гуфт, «агар надиҳӣ, мезанам» гуфт. Ман пул надоштам ҳамроҳи худ. Ҳеҷ кас набуд, ки маро наҷот диҳад. Шаб буд. Маро як марди калонсол фиреб дод, ки «биё, бароят пул медиҳам ва як маслиҳат ҳаст» гуфт.

Омадам, ки ӯ набуд. Вақти бозгашт маро аз пеши роҳ боздоштанд. Кисаҳоямро кофтанд, пул наёфтанд ва заданд. Баъд гуфтанд, ки ҳар рӯз ба мо «доля» меорӣ, мо «криша»-и ту мешавем…"

Майрамбӣ Ғафурова -мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар вилояти Хатлон
Мақомот низ нигаронанд


Мақомоти умури дохилаи Хатлон ҳарчанд вуҷуди гурӯҳҳо ё афроди алоҳидаеро, ки тавассути ҷалби кӯдакони хиёбонӣ ба талбандагию дуздӣ, пул кор мекунанд, инкор намекунад, аммо мегӯянд, ҳанӯз ҳеҷ парвандаи мушаххасе дар робита ба чунин афрод ифтитоҳ нашудааст.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд, афзоиши шумораи кӯдакони хиёбонӣ ва талбанда дар бозорҳои минтақа нигаронии мақомотро ба бор овардааст.

Вай гуфт, дар ин авохир шумори қобили мулоҳизаи кӯдакон аз оилаҳои нодор, маъюб ва бесарпаноҳи хиёбонӣ ба дасти афроде ҷинояткор афтода, мавриди истисмор қарор мегиранд ва ҳоло ба воситаи тиҷорат ва даромади муфти онҳо табдил ёфтаанд:

"Дар ҷомеаи мо ана ҳамин хел гурӯҳҳо зиёд шудаанд ҳоло. Бубинед, кӯдакро фишор меоранд, ӯро истисмор мекунанд. Мо махсус амалиётҳо бурда, таҳқиқ карда истодаем, гурӯҳҳои вижае ҳастанд, ки кӯдаконро истифода мебаранд, «фалон қадар сум меорӣ, ба ман медиҳӣ бегоҳӣ ҳар рӯз, ба ту ҷавоб!» мегӯянд ба кӯдакон. Мо чандин чунин мисол дар даст дорем, ки ҳоло кумитаи амнияти миллӣ бо ин далелҳо кор хоҳанд кард. Шумораи ҳамин хел кӯдаконе, ки қурбони фиреб ва ба воситаи тиҷорат табдил ёфтаанд, қобили мулоҳиза мебошад. Кӯдакро фиреб кардан осон аст, бисёр вақт «сарпарастонашон» ба онҳо мегӯянд: «рав, дар фалон ҷо талбандагӣ кун, ман соҳиби туям, ҳеҷ кас туро чизе намегӯяд. Кӯдаки бечора то бегоҳ талбандагӣ мекунад, ҳама пулашро мегиранду ба дасташ 5 сомонӣ медиҳанду халос. Мутаассифона, имрӯз аз меҳнати кӯдакон зиёд сӯйистифода мешавад…"

Салоҳуддин Шамсиддинов-корманди ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон
"Давлат бояд кӯдакони кӯчагардро саробонӣ кунад"


Ба иддаои коршиносон, бахши аъзами кӯдаконе, ки воситаи тиҷорати гурӯҳҳо ё афроди алоҳида гардида, аз кору меҳнати онҳо сӯйистифода мешавад, аз оилаҳои нопурра ё носолим ва бесарпаноҳ мебошанд.

Салоҳиддин Шамсиддинов, корманди дафтари Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон, маъруф ба ЮНИСЕФ, мегӯяд, давлатро мебояд кӯдакони бесарпаноҳ ё оилаҳои нодору ниёзмандро зери парастории худ бигирад ва масъули тақдири кӯдакони хиёбонӣ бошад:
"Пеш аз ҳама кӯшиш кардан даркор, ки кӯдакон дар шароити оила, оилаи солим калон шаванд. Оила беҳтарин тарбиятгоҳи кӯдакон аст. Вақте кӯдакон рӯйи хиёбонҳо мерезанд ва аз назорат дур мемонанд, албатта, эҳтимоли сар задани ҷинояту амалҳои ношоиста тавассути онҳо зиёд мешавад. Онҳоро мақомоти милиса боздошт мекунанд".

Ҷаноби Шамсиддинов афзуд: "Аввалҳо чунин кӯдаконро ба мактабҳои махсус ё омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии махсус равона карда мешуданд, ҳоло бошад, хадамотҳои алтернативӣ, яъне марказҳо ё маҳфилҳои таҳсилоти иловагӣ дар назди шӯъбаҳои маорифи шаҳр ноҳияҳо ташкил дода шудааст. Кӯдакон дар ҳамин марказҳо ба маҳфилҳои гуногун, аз ҷумла омӯзиши забонҳо, компютер, ҳунарҳо ҷалб карда мешаванд, ба сифати ҷазои алтернативӣ, яъне дур кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ. Вале хуб мебуд, ки кор то ба ин ҷо нарасад ва кӯдаконро волидонашон ё пайвандонашон зери назорат ва тарбияти ҷиддӣ бигиранд…"

Муҳаббат Мирзораҳимова-ҷомеъшиноми маҳаллӣ
Рамазон бозори талбандагиро гарм кардааст


Дар ҳамин ҳол, Муҳаббат Мирзораҳимова, ҷомеашиноси маҳаллӣ, мегӯяд, афзоиши шумораи кӯдакону наврасони талбанда бавижа бо омадани моҳи шарифи Рамазон ба мушоҳида мерасад. Ба гуфтаи ӯ, бо назардошти он ки дар миёни мусалмонон Рамазон моҳи муборак ва хайру сахо унвон мешавад, бисёре аз кӯдакон ва «сарпарастон»-и онҳо аз ин сӯйистифода мекунанд:

«Ҳар сол, ки нархҳо дар моҳи Рамазонболо рафт, ҳамин нарх ба қолаб даромада, баъд тамоми сол ҳамин нарху наво бетағйир боқӣ мемонад. Ҳама чиз гароннарх мешавад. Шумораи ниёзмандон ҳам меафзояд. Шояд ҳамин ҳам як сабаби афзоиши шумораи талбандаҳо шуда бошад. Воқеан, ҳоло шумораи талбандаҳо дар миёни кӯдакон бештар аз ҳарвақти дигар ба чашм мехӯрад. Давида омада, ба пойҳои одамон мечаспанд, ҳатто ҳамин чиз одамро нороҳат мекунад. Одам худро бад ҳис мекунад, вақте кӯдаки бечора ба доманат мечаспад, ки «ба ман пул деҳ». Ин аз нуктаи назари ахлоқӣ ва тарбия ҳам чандон дуруст нест. Бо ин ҳол мо чигуна насле барои ояндаи худ месозем?!»

Бо ин ҳам Шаҳобиддини 10-сола, ки дар бозору хиёбонҳои марказии Қӯрғонтеппа бо дуди сипанд пул кор мекунад, мегӯяд, ба мисли ӯ садҳо кӯдаки дигар ҳаст, ки ночор зери таъқибу таҳқиру латукӯб талбандагӣ мекунанду дасти кӯмак меҷӯянд. Ва ин барои Шаҳобиддин ягона воситаи расонидани нону чой барои модари дардмандаш будааст:

«Баъд аз фавти падарам, мо аз Кӯлоб ба Қӯрғонтеппа омадем. Дар ин ҷо мо дар масҷид хоб мекунем. Очаам кам-кам кор мекунад, аммо бисёр вақт касал мешавад. Акаам ҳам гашт мекунад ва барои очам нон меорад. Ман ҳам ҳар рӯз қариб 5 сомонӣ кор мекунам ва барои хона, барои очам баъзе доруворашро мехарем…»

Шаҳобиддин, ки аз рӯйи синнусол мебоист ҳоло дар синфи 4-уми мактаб таҳсил кунад, мегӯяд то ҳанӯз аслан ба долони мактабе пой наниҳодааст. Ҳадафи рӯзонаи ӯ дарёфти 5 сомонӣ гаравпулие, ки бояд ба сарпарасти номаълумаш бидиҳад ва низ пуле барои хариди луқмаи ноне мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG