Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Амрико дар бораи дахолати Эрон дар Ироқ


Сафири ҷадиди Амрико дар Ироқ гуфт, ба бовари ӯ, масъулияти чаҳоряки талафоти ҷонии нирӯҳои Амрико дар ин кишвар бар дӯши гурӯҳҳоест, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешаванд.
Ҷеймс Ҷеффрӣ аммо афзуд, мизони дахолати Эрон дар умури Ироқ чунон бузург нест, ки гумон мебаранд. Ӯ дар ин робита аз ҷумла ба нокомии Теҳрон дар роҳи таъсир ба натоиҷи музокироти ташкили кобинаи эътилофии Ироқ таъкид кард.
Аҳзоби ироқӣ баъд аз интихоботи парлумонии моҳи март инак моҳи шашум аст, ки наметавонанд ба ташкили кобинаи эътилофӣ даст биёбанд. Ҷеймс Ҷеффрӣ гуфт, Амрико аз ин бунбасти сиёсӣ дар Ироқ хеле нигарон аст.
XS
SM
MD
LG