Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Деви Грбавитса"-ро ба Сараево таслим карданд


Испания як серби муттаҳам ба ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Бусниро ба Сараево таслим кард.
Веселин Влаҳовичи 41-сола, ки дар солҳои ҷанг бо лақаби “Деви Грбавитса” маъруф буд, моҳи март дар ҳошияи Алисанте, дар шарқи Испания боздошт шуд. Ӯ соли 2001, дар пайи фирораш аз маҳбаси Подгоритса ба Испания паноҳ бурдааст.
Додситонии Буснӣ Влаҳовичро дар куштор, таҷовуз ва шиканҷаи мардуми ғайрисерби Грбавитса, минтақае дар ҳошияи Сараево, дар давоми ҷанги солҳои 1992-1995 айбдор мекунад.
XS
SM
MD
LG