Пайвандҳои дастрасӣ

Карзай: Хуруҷи нирӯҳо Толибонро рӯҳи тоза медиҳад


Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, барномаи шурӯъи хуруҷи нирӯҳои Амрико аз соли оянда рӯҳияи Толибонро қавитар мекунад. Карзай дар мулоқот бо як ҳайъати Конгресси Амрико гуфт, ба моҳи июли соли оянда таъйин шудани таърихи шурӯъи хуруҷи ин нирӯҳо барои чирикиҳо арзиши маънавӣ медиҳад. Карзай ҳамчунин ба фармондеҳи ситоди марказии артиши Амрико генерал Ҷеймс Маттис гуфт, бидуни аз байн бурдани паноҳгоҳҳои террористон дар ҳошияи марз наметавон терроризмро шикаст дод. Манзури Карзай ғолибан Покистон буд, ки бовар меравад, паноҳгоҳи раҳбарони Толибон ва макони ҷалби нирӯҳои тоза ба сафи чирикиҳост.
Бо ин ҳол, дирӯз дар натиҷаи ҳамлаи ҷангиёни толиб ба як шӯъбаи пулис дар шимоли Афғонистон 8 афсар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG