Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи усулии Ироқу Эрон бар сари лӯлаи нави газ


Вазири нафти Ироқ Ҳусайн Шаҳристонӣ таъйид кард, ки Ироқу Эрон ҷиҳати эҳдоси як лӯлаи газ, ки аз чоҳҳои гази Эрон тавассути Ироқ то ба соҳилҳои баҳри Миёназамини Сурия кашида хоҳад шуд, усулан тавофуқ кардаанд. Шаҳристонӣ гуфт, ки Ироқ аз транзити қаламраваш барои содироти гази Эрон фоидаҳои хубе ба даст хоҳад овард.
Ин қарордод ду ҳафта қабл дар Бағдод зимни боздиди як ҳайъат ба раҳбарии муовини вазири нафти Эрон Ҷавод Оғӣ баррасӣ шудааст. Бар асоси тавофуқи тарафайн, Ироқ низ метавонад аз гази ин лӯла истифода бурда, дар оянда ба муҷарради мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани конҳои газаш аз он ба манзури содироти гази худ низ истифода кунад.
XS
SM
MD
LG