Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯъиқасд ба ҷони як роҳрӯби тоҷик дар Санкт-Петербург


Як шаҳрванди 41-солаи тоҷик субҳи панҷшанбе дар натиҷаи як ҳамлаи мусаллаҳона дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия кушта шуд. Ҳамлагар ба тахтапушт ва сари Баҳодурҷон Даримов, ки дар Петербург ба ҳайси раҳрӯб кор мекард, 7 тир холӣ кардааст. Муҳоҷири тоҷик бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷойи ҳодиса ҷон додааст. Феълан тафтиши қазия идома дорад. Эҳтимоли дар ин сӯъиқасд доштани гурӯҳҳои қавмгарои рус низ таҳти таҳқиқ қарор доштааст.
XS
SM
MD
LG