Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НДОР даст доштанаш дар таҷовузи оммавиро рад кард


Ошӯбгарон аз гурӯҳи “Нерӯҳои демократии озодибахши Руанда” (НДОР), ки дар Ҷумҳурии демократии Конго амал мекунанд, иттилоъ дар бораи даст доштанашон дар таҷовузи оммавии занону кӯдаконро рад карданд. Намояндаи ин гурӯҳ, ки дар Порис ба сар мебарад, ин иттиҳомро “бепояву бунёд” номид.
Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид, изҳор намуд, ки иттилоъ дар бораи таҷовуз ба номуси тақрибан 180 нафар сокини 13 маҳаллаи вилояти Кивуи шимолии Конго ӯро дар ҳоли шок қарор дод. Ба гуфтаи Мартин Несирка, фиристодаи расмии Дабири куллии СММ, таҷовуз ба номус аз сӯи мусаллаҳони қабилаи Маи-Маи ва НДОР сурат гирифтааст.
Имрӯз Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, гуфт, ки Вошингтон аз ин ҳодиса шадидан нигарон аст. Ӯ ба зарурати ба додгоҳ кашидани онҳое таъкид кард, ки дар таҷовузи оммавии занону кӯдакон дар Ҷумҳурии демократии Конго даст доранд.
XS
SM
MD
LG