Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди обхезиҳои нав ба вилояти Синди Покистон


Ҳукумати Покистон имрӯз дар бораи ба манотиқи амн интиқол додани сокинони вилояти Синд, воқеъ дар ҷануби кишвар, тасмим гирифт. Рӯзҳои ахир сатҳи оби рӯдхонаи Ҳинд боло рафта, ба ин вилоят хабари обхезӣ таҳдид мекунад. Ба иттилоъи сарвари раёсат оид ба офатҳои табиии вилоят Солеҳ Фаррух, қарор аст, ки тақрибан 400 ҳазор нафар ба мавзеъҳои бехатар кӯчонида шаванд. Ба гуфтаи ӯ, аллакай даҳҳо ҳазор нафар манотиқи канори рӯдхонаи Ҳиндро тарк кардаанд.
Аз обхезиҳо дар Покистон беш аз 17 миллион нафар, аз ҷумла, 4 миллион сокинони вилояти Синд, осеб дидаанд. Офати табиӣ ба риштаи умри беш аз 1500 нафар миқроз задааст.
XS
SM
MD
LG