Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Вестервелле аз Сербия


Гуидо Вестервелле, вазири умури хориҷии Олмон, имрӯз аз Сербия даъват кард, ки мушкилаш бо Косоворо ҳаллу фасл намояд. Зимни суханронӣ дар Белград ӯ гуфт, ки "истиқлоли Косово воқеият аст ва ин воқеиятро бояд эътироф кард". Сербия хуруҷи якҷонибаи Косово аз ҳайати кишварро напазируфтааст. Моҳи гузашта Додгоҳи байнулмилалии Ҳейг ваё Гаага изҳор намуд, ки эъломияи истиқлолияти Косово мухолиф бо ҳуқуқи байнулмилалӣ нест.
Қарор аст, ки вазири умури хориҷаи Олмон имрӯз ба Боснӣ ва фардо ба Косово сафар кунад.
XS
SM
MD
LG