Пайвандҳои дастрасӣ

Имрӯз садумин зодрӯзи Модар Тереза таҷлил мешавад


Имрӯз дар Македония, Албания ва Ҳиндустон садумин зодрӯзи Модар Тереза, як масеҳии албанитабор, таҷлил мешавад. Модар Тереза барои кӯмакҳояш ба мардуми фақиру бемор соли 1979 Ҷоизаи сулҳи Нобелро соҳиб шуда буд. Ӯ соли 1910 дар шаҳри Скопие ба дунё омадааст. Модар Тереза дар шаҳри Калкуттаи Ҳиндустон созмони хайрияеро таъсис кард, ки айни ҳол дар 137 кишвар 765 бахш дорад ва дар онҳо беш аз 5 ҳазор рӯҳониён ба кӯмаки фақирону маризон машғуланд.
Парлумони Македония дар нишасти имрӯзаи худ аз Модар Тереза ёд кард. Дар Косово, ки аксаран албанитаборҳо ба сар мебаранд, ба ифтихори Модар Тереза маркаи почта нашр хоҳад шуд. Дар Албания ҳазорҳо нафар дар назди ибодатгоҳи Модар Тереза дар Вауи Деҷес ҷамъ меоянд. Дар маросими ёдбуд сарвазир Салӣ Бериша ширкат хоҳад кард. Таҷлил аз зодрӯзи Модар Тереза дар шаҳрҳои Калкутта, Деҳлӣ, Ченнаӣ ва Бангалор низ баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG