Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси донишгоҳи Ӯш ба бозгашти донишҷӯён хушбин нест


Мухтор Орозбеков, раиси Донишгоҳи давлатии шаҳри Ӯши Қирғизистон, барои идомаи таҳсил ба ин шаҳр баргаштани донишҷӯёни ӯзбаку туркманро баъйид медонад. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ӯ гуфт, ки бар пояии иттилоъи расонаҳо, ҳукумати Туркманистон ба шаҳрвандонаш иҷозаи бозгашт ба Ӯшро нахоҳад дод. Мухтор Орозбеков афзуд, ки баҳори соли равон дар донишгоҳ 640 донишҷӯи туркман таҳсил мекарданд ва онҳо бар асари низоъи қавмӣ миёни қирғизҳову ӯзбакҳо Ӯшро тарк намуданд.
Раиси донишгоҳ барои идомаи таҳсил омадани 872 донишҷӯ аз Ӯзбакистонро низ аз эҳтимол дур мехонад. Ва аммо ӯ ба бозгашти донишҷӯён аз Покистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Непал хушбин аст. Соли гузашта дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Ӯш 138 донишҷӯи тоҷикистонӣ таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG