Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми мусобиқоти олимпичиёни наврас дар Сингапур


Яке аз дастовардҳои дастаи варзишгарони тоҷик медали биринҷии Шукрона Шарифова буд

Яке аз дастовардҳои дастаи варзишгарони тоҷик медали биринҷии Шукрона Шарифова буд

Мусобиқот аз рӯи барномаи нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон, ки дар Сингапур тӯли 12 рӯз идома кард, 26-уми август ба анҷом расид. Шоми имрӯз маросими пӯшидашавии Бозиҳо доир мешавад.

Дар нахустин Олимпиадаи наврасон 3600 варзишгари синнашон аз 14 то 18-сола аз ҳамаи панҷ қитъаи олам дар 30 навъи варзиш қувваозмоӣ карданд.

Чин бо 54 медал – 30 тилло, 18 нуқра ва 6 биринҷӣ мақоми аввалро касб кард. Русия, ки 49 медал (20+17+12) ба даст овард, дар ҷои дуввум қарор гирифт. Куриёи Ҷанубӣ бо 21 медал (11+5+5) севум шуд.

Аз рӯи шумораи умумии медалҳо низ Чин ҷои аввал ва Русия ҷои дуввумро азони худ карданд. Укроин бо 35 медал (10+9+16) ҷои севумро гирифт.

Тоҷикистонро дар Олимпиадаи наврасон 6 варзишгар намояндагӣ кард. Олимпичиёни навраси тоҷик ба мисли варзишгарони бузургсоли кишвар, ки ду сол пеш дар Олимпиадаи Пекин ду медал – як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда буданд, бо чунин натиҷа рӯзи 30-юми август аз Сингапур ба Ватан бармегарданд.

Ёдовар мешавем, ки варзишгарони ҷавони тоҷик Баҳодур Қодиров дар риштаи гуштии озод дар вазни то 63 килограмм медали нуқра ва Шукрона Шарифова дар риштаи таеквон-до WTF дар вазни то 44 килограмм медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 1 биринҷӣ дар байни 98 кишваре, ки соҳиби медалҳои Олимпиадаи наврасон гардидааст, дар ҷои 70-ум қарор гирифт ва байни кишварҳои собиқи Шӯравӣ пас аз Русия, Укроин, Озарбойҷон, Литва, Қазоқистон, Беларус, Қирғизистон, Узбакистон ва Арманистон ҷои 10-умро касб намуд. Молдова низ мисли Тоҷикистон 1 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дорад ва дар ҷои 10-ум мебошад. Пас аз Тоҷикистон Гурҷистон, Латвия ва Туркманистон, ки ҳар кадом 1 медали биринҷӣ гирифтааст, ҷойгир шудаанд. Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ танҳо Эстония медал нагирифтааст.

Тоҷикистон байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо аз Туркманистон, ки 1 медали биринҷӣ ба даст овардааст, пеш гузашт. Қазоқистон 6 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 2 биринҷӣ, Қирғизистон 3 медал – 1 тилло ва 2 биринҷӣ, Узбакистон 7 медал – 2 нуқра ва 5 биринҷӣ гирифтаанд.

Умуман, варзишгарони навраси 58 кишвар ба унвони қаҳрамони нахустин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон даст ёфтаанд, ки миёни онҳо, инчунин, намояндагони кишварҳои собиқи шӯравӣ Русия, Укроин, Озарбойҷон, Литва, Қазоқистон, Беларус ва Қирғизистон ҳастанд.
XS
SM
MD
LG