Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии ИМА аз таҷовузи оммавӣ дар Конго


ИМА ба зарурати ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое таъкид кард, ки дар таҷовузи оммавии занону кӯдакон дар Ҷумҳурии демократии Конго даст доранд. Ба гуфтаи Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷии ИМА, Вошингтон аз ин ҳодиса шадидан нигарон аст. Аз ин пеш Бан Ки Мун, Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид изҳор намуд, ки хабарҳо аз Конго ӯро дар ҳоли шок қарор доданд ва барои тафтиши қазия ду намояндаашро ба ин кишвари африқоӣ фиристодааст.
Бар пояи иттилоъи пешакӣ, ошӯбгарон ба номуси дасти кам 154 сокини 13 маҳаллаи вилояти Кивуи шимолӣ таҷовуз кардаанд.
XS
SM
MD
LG