Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ӯзбакистон ним тонна ҳероин оташ зада шуд


Мақомоти Ӯзбакистон тақрибан ним тонна ҳероини тавлиди Афғонистонро ба коми оташ андохтанд, ки қимати он дар “бозори сиёҳ”-и Аврупо тақрибан 150 миллион долларро ташкил медиҳад. Ба гуфтаи Олимҷон Туракулов, намояндаи Хадамоти амнияти миллии Ӯзбакистон, дар ҳузури дипломатҳо ва хабарнигорон 700 кило маводи мухадир, аз ҷумла, 497 кило ҳероин оташ зада шуд. Ба гуфтаи ӯ, аз ибтидои сол мақомоти интизомии кишвар тақрибан дуву ним тонна маводи мухаддири тавлиди Афғонистонро мусодира кардаанд.
XS
SM
MD
LG