Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намоиши ҳамдилӣ бо Лев Пономарёв дар Маскав


Имрӯз дар шаҳри Маскав чанд ҳамоиши ҳимоят аз Лев Пономарёв, раҳбари боздоштшудани ҷунбиши “Барои ҳуқуқи башар” доир мешавад. Денис Билунов, яке аз раҳбарони ҷунбиши “Ҳамдилӣ” ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолони мухолифин дар канори боздоштгоҳе, ки Пономарёв нигаҳ дошта мешавад, пикет доир хоҳанд кард. Намоиши эътирозӣ бо даъвати арҷгузорӣ ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва талаби раҳоии Лев Пономарёв дар хиёбони “Чистые пруды” ҳам баргузор мешавад. Дирӯз раҳбари ҷунбиши “Барои ҳуқуқи башар” аз сӯи як додгоҳи шаҳри Маскав бо иттиҳоми “итоат накардан ба кормандони милиса” ба се шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум шуд. Лев Пономарёв ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "дар кишвар низоми нимафашистии полисӣ барқарор шудааст. Мақомот айни ҳол ҳамла болои фаъолони мухолифин ва ҳомиёни ҳуқуқи башарро шиддат бахшидаанд. Ҳукм дар бораи ман бо амри боло содир шуд ва қонуншиканиҳои дағалтарин роҳ доданд, ки ҳамаи онҳо дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ дар протокол сабт шудаанд ва ба додгоҳи таҷдид назар пешниҳод мешавад".
Рӯзи якшанбе дар раҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами миллӣ кормандони полис дар маркази шаҳри Маскав Борис Немсов, собиқ муовини сарвазири Русия, яке аз фаъолони мухолифин Михаил Шнейдер ва ҳомии ҳуқуқи башар Лев Пономарёвро боздошт карда буданд. Борис Немсов ба бахши русии Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ҳоле боздошт шуданд, ки мехостанд эҳтиромашон ба кишвар ва парчами онро намоиш диҳанд.
XS
SM
MD
LG