Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори чаҳор нафар дар ҳамлае дар Филиппин


Дар як ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба автобуси мусофирбар дар ҷануби Филиппин чаҳор нафар, аз ҷумла, ду корманди полис кушта шуданд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар шаҳри Капатаган чанд мусаллаҳи низомипӯш ба мусофирон амр карданд, ки аз автобус берун шаванд. Онҳо кормандони полис, ронанда ва ёвари ӯро ҳадафи тир қарор дода, автобусро оташ заданд ва ҷойи ҳодисаро тарк намуданд. Сабабҳои ҳамла ба автобус то ҳол маълум нест. Аз ин пеш ҳамин гуна ҳодисаҳо бар асари сарпечии ширкатҳои хусусии нақлиётӣ аз пардохти маблағ ба гурӯҳҳои ифротгаро рӯх медоданд.
XS
SM
MD
LG