Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониҳои дирӯза дар Ироқ аз 60 гузашт


Бар асари бомбгузориҳову ҳамалоти дигари рӯзи чоршанбе дар саросари Ироқ дастикам 60 нафар кушта ва беш аз 250 тани дигар захмӣ шудаанд. Хунинтарин ҳамла бомбгузории интиҳорӣ дар шӯъбаи пулис дар Кут, 150-километрии ҷанубушарқи Бағдод буд, ки дастикам 20 кушта ба ҷо гузошт. Инфиҷорҳо зоҳиран нирӯҳои амниятиро ба ҳадаф дошта, як рӯз баъд аз эълони то камтар аз 50 000 нафар коҳиш ёфтани шумори нирӯҳои Амрико рух доданд. Сухангӯи нирӯҳои Амрико генерал Стивен Ланза гуфтааст, ки ҳадафи беҳудаи ин ҳамалот тахриби боварӣ ба нирӯҳои амниятии Ироқ буд.
XS
SM
MD
LG